Мулоқоти Э.Раҳмон бо Сарвазири Мозамбик
Душанбе, 20 август (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми онро ба ҳузур пазируфт.Мулоқоти якуми дуҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина баргузор гардид.Зимни суҳбат масоили ташкил ва густариши робитаҳо миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Мозамбик метавонанд бештар дар бахшҳои кишоварзї, саноат, геология, энергетика ва маориф ҳамкории босамар ба роҳ монанд.Сарвазири Мозамбик барои таҳсили донишҷӯёни кишвараш дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, ин арсаи ҳамкориро дорои дурнамои хуб номид.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист, сурат гирифт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






