Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои ҷаҳонии об
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брагаро ба ҳузур пазируфт.Аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноат карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Шӯрои ҷаҳонии об, ки чун созмони калидӣ дар ин соҳа беш аз 300 аъзо дорад, дар пазироӣ, тарғиб ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, изҳор дошт: “Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад ва на воситаи низоъ”.Ҳамчунин таъкид гардид, ки “Шӯрои ҷаҳонии об барои татбиқи амалии ташаббусҳои судманди Тоҷикистон дар соҳаи об минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






