Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Жанторо Сатибалдиев
Душанбе, 21 август (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қирғизистонро “шарики табиии минтақавии Тоҷикистон” номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд дод.Аз яксонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба идора ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, 5 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ин тамоюл бояд идома ёбад. Барои ин, густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла тавассути додугирифти нерӯи барқ, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.Андешидани чораҳои муштарак доир ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар тарҳҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкории судбахш миёни ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи ҷавобии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои байнидавлатӣ зоҳир гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






