Мулоқоти Гул Шералӣ — бо ҳайатҳои хориҷӣ
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҳошияи роҳандозии Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши об 20 август дар Қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон» мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо намояндагони якчанд ҳайатҳои бархе давлату созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҳайати Украина бо роҳбарии вазири экология ва захираҳои табии ин кишвар Олег Проскуряков, муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Доимӣ, муовини аввали вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии исломии Афғонистон Шуҷовуддин Зиёӣ, Дабири кулли Созмони энергетикӣ Урбан Руснак ва раиси масъули Анҷумани байналмилалии гидроэнергетикӣ Ричард Тейлор баргузор гардид.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва саноат мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқот зарурати густариши муносибатҳои мутақобила барои татбиқи созишномаҳои байни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба таври махсус қайд гардид. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи ин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки рушду густариши муносибатҳо дар ин бахшҳо аҳамияти дуҷониба хоҳад дошт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






