Мулоқоти Гул Шералӣ бо ҳайати намояндагони Афғонистон
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Зохилвол, раиси идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ямо Шамс ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Орзу баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои CASA 1000, ХИБ 220 кВт Тоҷикистон- Афғонистон, ХИБ 500 кВт Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва хатти лӯлаи гази табиӣ аз Шибирғони Афғонистон ба Тоҷикистон аз тариқи Шаҳритус мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва бахшҳои гуногуни саноат, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мазкур ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






