Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Чан Ҷулламон

Август 14, 2013 16:02

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар»).- 14 августи соли 2013 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чан Ҷулламон баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Таиланд табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо инчунин мавзуъҳои сафари расмии қарибулвуқӯи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватраро 19-20 августи соли 2013 ба Душанбе ва иштироки ҳайати таиландӣ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об (20-21 августи соли 2013)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Август 14, 2013 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш