Мулоқоти Оқил Оқилов бо Йинглак Шинаватра

Август 21, 2013 08:48

Душанбе, 21 август.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд хонум Йинглак Шинаватра баргузор шуд. Зимни мулоқот маҷмӯи масъалахои марбут ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Тайиланд дар соҳаҳои барои ҷонибҳо афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои воқеии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам оварда, ҳар ду давлат минбаъд муносибатхои байниҳамдигариро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ тақвият хоҳанд бахшид.

Август 21, 2013 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш