Мулоқоти Оқил Оқилов бо Мари Пьер Пуаре

Август 3, 2013 11:53

Душанбе, 3 август, (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Директории минтақавии Хазинаи кўдакони СММ оид ба кишварҳои, Аврупои марказӣ ва шарқӣ ва ИДМ хонум Мари Пьер Пуаре мулоқот кард.Дар оғози мулоқот Мари Пьер Пуаре ба роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар шаҳри Душанбе ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми чоруми давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон ва дар маҷмўъ барои пешбурди сиёсати башардўстона дар ин самт изҳори сипосу минатдорӣ кард.Оқил Оқилов аз тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бо дарназардошти беш аз 40 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил додани кўдакону наврасон давлат ва ҳукумати мамлакат барои беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо, махсусан барои таъмини зиндагии арзандаи кўдакони аз имкониятҳо марҳум тадбирҳои судманд амалӣменамояд.Дар мулоқот ҳамзамон рафти татбиқи Барномаи ҳамкориҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони СММ барои солҳои 2010-2015 ва фаъолияти Комиссияи миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Август 3, 2013 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш