Мулоқоти Р.Назаров бо роҳбари намояндагии СММ

Август 30, 2013 15:31

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – 29 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, роҳбари намояндагии СММ оид ба мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистон Я. Кубиш баргузор гардид. Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи ҷилавгирии паҳншавии маводи нашъаовар ва саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон барои роҳ надодан ба қочоқи ҷаҳонии маводи нашъаоварро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияти Афғонистон ва дурнамои вазъи минтақа баъди соли 2014 таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Дар ҷараёни мулоқот кори муваффақонаи муштарак бо ҳамтоёни афғон зикр гардид. Қобили зикр аст, ки соли гузашта бо саъю кӯшиши афсарони бахши алоқа якҷоя бо мақомоти ҳифзи хуқуқи Афғонистон 28 амалиёт гузаронида ва дар ҷараёни онҳо беш аз 3 ҳазору 500 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид.

Август 30, 2013 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш