Мулоқоти Сарвари давлат бо Вазири захираҳои оби Бангладеш

Август 20, 2013 15:40

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар вохӯрӣ бо Вазири захираҳои оби Бангладеш Рамеш Чандра Сен доир ба ҳамгироии байналмилалӣ дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист табодули назар карда шуд.Рамеш Чандра Сен таҷрибаи пурғановати Тоҷикистонро дар соҳаи дипломатияи обӣ дар минтақа ва ҷаҳон арзандаи омӯзиш арзёбӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар ин ҷода баҳои баланд дод.Ҳамчунин бахшҳои дигари ҳамкории имконпазир миёни Тоҷикистону Бангладеш баррасӣ гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 20, 2013 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш