Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Хитой

Август 14, 2013 17:02

Душанбе, 14 август (АМИТ «Ховар»).- 14 августи соли 2013 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро таъкид намуда, ҷињати тавсеаи минбаъдаи њамкорињо дар соњањои мухталиф табодули назар карданд. Ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабинињои сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ дар ояндаи наздик дар қаламрави ду кишвари дўст мавриди мубодилаи афкори ҷонибњо қарор гирифт.

Август 14, 2013 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш