Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Таиланд
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Зимни баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дустӣ ҳамшарикии созандаи Тоҷикистону Таиланд, ки нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт, ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.Тавре зикр гардид, “Тоҷикистону Тайиланд оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо кӯшишҳои муштарак анҷом медиҳанд”.Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “Шоҳигарии Тайиланд аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки ҳамеша дар қатори ҷонибдорони иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об қарор дорад ва иштироки ҳайати воломақоми ин кишвар дар чорабинии муҳимтарини Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи мавқеи хайрхоҳонаи он нисбати ташаббусҳои созандаи кишвари мо мебошад”.Йинглак Шинаватра, аз ҷумла изҳор дошт, ки “мо пешвоию раҳнамоии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи об ва “энергетикаи сабз” баланд қадрдонӣ карда, аз он пайваста пуштибонӣ менамоем”.Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳои мустақим, аз ҷумла барои рушди туризм миёни пойтахтҳои ду кишвар, шаҳрҳои Душанбею Бангкок хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода шавад.Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, расмӣ ва хизматӣ ба имзо расида, эъломияи муштарак қабул гардид.Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Таиланд Йинглак Шинаватра аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноат намуда, муносиботи рушдёбандаи ду кишварро дорои дурнамои судбахш номиданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






