Муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик» ба корхонаву муассисаҳои кишвар

Август 5, 2013 16:10

Душанбе, 5 август. (АМИТ. «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Раёсати «Фурўши барқ» ният дорад, ки ҷиҳати ҷамъоварии моҳонаи барқ ва пардохти қарзҳои пешина «Муроҷиатномаи «Раёсати фурўши барқ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик» ба роҳбарони корхонаву муассиса ва аҳолии кишвар»-ро нашр ва паҳн намояд.Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ширкати «Барқи Тоҷик» хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ, Раёсати «Фурўши барқ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик» дар моҳи июли соли ҷорӣ 57 миллиону 461 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуд, ки ин нисбат ба моҳи июн беш аз 16 миллиону 461 ҳазор сомонӣ зиёд аст ва ин натиҷаи кори роҳбарияти ширкати мазкур мебошад.Гуфта мешавад, ки аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо фармони раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» дар ширкат сохтори Раёсати «Фурўши барқ» соҳиби ваколати зиёдтар гардид ва роҳбарияти он иваз шуд. Мақсад аз ин барҳам додани камбудиҳо бобати ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, кам намудани қарз ва тақвияти кор бо қарздорон буд.

Август 5, 2013 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш