Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар назар аст, рӯзҳои 26-27 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбург ҷаласаи навбатии мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардад. Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар менависад, мутобиқи нақшаи кории мушовара барои соли ҷорӣ масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:1. «Мукаммалнамоии ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вобаста ба бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ».2. «Дар бораи ҳамкориҳои ҷузъу томҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ошкор ва бурдани тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла аз ҷониби гуруҳҳои муташаккил ва ташкилотҳои ҷиноии дорои алоқаи байналмиллалӣ содиршуда».3. «Оид ба мукаммалнамоии мубодилаи иттилоот байни ҷузъу томҳои фаврии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия».4. «Тасдиқи лоиҳаи Нақшаи кории мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2014».Аз сабаби муҳим будани мушкилоти мубориза бо интиқоли маводи нашъаовар ва ҷаҳонишавии ин намуди ҷиноят масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷаласаҳои мушовараи якҷоя мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҷузъу томҳои вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар доираи шартномаҳои дуҷонибаи ба имзо расида ва бо мақсади татбиқи Қарори мушовараи якҷоя давра ба давра вохӯриҳои корӣ мегузаронанд, ки дар рафти он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо ва корҳои пешгирии фаъолияти ҷинояткориҳои алоҳида ва гуруҳҳои ҷиноӣ фавран баррасӣ мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






