Мусобиқаи бадминтон байни ҷавонон

Август 6, 2013 14:45

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 14 то 16 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон баргузор мегардад.Чуноне ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур миёни наврасони то синни 17 ва ҷавонони 18-20- сола баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарон аз дастаҳои ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат хоҳанд кард, хабар дод манбаъ.

Август 6, 2013 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш