Мусобиқаи волейбол барои Ҷоми Кумитаи ҷавонон

Август 7, 2013 11:13

Душанбе, 7 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- Аз 10-уми август то 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол бахшида ба Рўзи Истиқлолият ва барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мусобиқаи мазкур миёни вазорату идораҳо гузаронида хоҳад шуд.Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа дастаҳои дастгоҳи марказии вазорату идораҳо ширкат хоҳанд кард. Дар сурати аз 8 даста зиёд ҷамъ шудан дастаҳо ба зергуруҳҳо ҷудо мешаванд. Ғолибон ва беҳтарин бозингарон бо Ҷому дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Август 7, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш