Намоишгоҳи асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ

Август 27, 2013 10:19

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – Чанде пеш дар нигористони «Мино» и ба номи Эраҷ Айнӣ намоишгоҳи расмҳои кӯдакони Студияи «Zara» («Зара») – и назди Созмони ғайриҳукуматии «Ҳамкорӣ ва рушди иҷтимоӣ» доир гардид. Намоишгоҳ бо маросими мукофотонидани рассомони ҷавон оғоз гардид.Роҳбари Студияи «Zara» Зумрад Давлатбекова зикр намуд, ки студия якуним сол боз фаъолият дошта, дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Мактаби тобистонаи санъат» ба таври маҷҷонӣ фаъолият дошта, дар он қариб 30 нафар кӯдакон таҳсил мекунанд.Дар студия рассомон Мизроб Холов, Абдулло Убайдуллоев, Дилшод Турсунов ва Санавбар Ҳақдодова ба рассомони ҷавон тарзу усулҳои рассомоиро ёд медиҳанд.Қобили зикр аст, ки студия ба манзури мавриди таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони лаёқатманд ва ба онҳо ёд додани усулҳои санъати тасвирию амалӣ моҳи апрели соли 2012 мавриди истифода қарор гирифта буд.

Август 27, 2013 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш