Нашри китоби нави « Назарияи идораи давлатӣ»

Август 31, 2013 11:05

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 30 август дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби нави номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дилшод Муллоев таҳти унвони «Назарияи идораи давлатӣ» баргузор шуд. Дар он ректори донишкадаи мазкур Гавҳар Шарофова ва устодону донишҷӯён ширкат дошта, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба китоби мазкур баён намуданд Бояд гуфт , ки дар китоби мазкур паҳлуҳои гуногуни идораи давлатӣ аз нуқтаи назари васеи он мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар ин китоб ҳар як мавзӯи дарҷшуда қисми таркибии идораи давлатӣ маҳсуб ёфта , хонандагон дар мавзуъҳои инъикосгардида метавонанд бо ҷанбаҳои муҳими идораи давлатӣ ҳамчун назария ошноӣ пайдо кунанд. Китоби «Назарияи идораи давлатӣ» аз чониби Шӯрои олимони Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби дарсӣ аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ» тавсия дода шуда, дар нашриёти ҶДММ «Эр-граф» бо теъдоди ҳазор нусха рӯи чоп омадааст.

Август 31, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш