Оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»).-Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд.Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.Конфронсро Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ифтитоҳ бахшида, нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба суханронӣ даъват намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронсро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, доир ба тадбирҳои сершумори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об андешаҳои ҷолиб баён намуд. Бо ёдоварӣ аз иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза (2003), даҳсолаи (2005-2015) байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)” ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об эълон гардад.Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад.Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст”.Сипас Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш Паёми Дабири кулли ин созмон Пан Ги МУН-ро қироат намуд.Дар ҷаласаи пленарии конфронс, ҳамчунин Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид У Хунгбо, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жанторо Сатибелдиев, Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина, Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова, Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ребека Гринспан, Намояндаи махсуси президенти Бонки ҷаҳонӣ Маҳмуд Муҳидин, Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедито Брага ва Президенти созмони “Бонувони ҷонибдори ҳамшарикии обӣ” Алис Бауман-Дентенер суханронӣ намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






