Оғози сафари кории Э.Раҳмон ба шаҳри Норак
Душанбе, 13 август (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигари оянда ба шаҳри Норак сафар кард.Тайи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 киловолтаи нерӯгоҳи Норак ва як зумра иншооти муҳими дигар ифтитоҳ ёфта, сохтмони чанд иншооти оянда оғоз меёбад. Ҳамчунин бо фаъолони шаҳр ва мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир хоҳад шуд.Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак оғоз ёфт.Тавре зикр гардид, ин бино бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якумаш маркази савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ҷойгир шудааст. Соҳибкори бунёдгузори ин бино Абдурраҳим Назаров азм дорад, ки ин қисмати биноро ба соҳибкорони хурду миёна дар давоми як соли аввал ба таври ройгон ба иҷора диҳад, то ки онҳо оғози кори худро бе мушкилӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин қисмати бино зиёда аз 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4 ҳуҷрагии истиқоматӣ омода аст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






