Огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз Созишномаи СТҶ

Август 27, 2013 11:29

Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Силсилаи давраи омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз Созишномаи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) марбут ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ /СФС/ имрӯз дар ноҳияи Рашт шуруъ гардид. Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) намояндагони соҳаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони муассисаҳои давлатиеро, ки ба масоили марбут ба СФС сарукор доранд, дар ҳамаи чаҳор минтақаи кишвар бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо аз манфиату чолишҳо ва паёмадҳои эҳтимолии вуруди Тоҷикистон ба СТҶ дар бастагӣ ба чораҳои СФС дар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ гирди ҳам меоварад. Давраҳои омӯзишии мазкурро тренерони тамриндидаи маҳаллӣ доир ба СФС дар шаҳру ноҳияҳои Рашт, Кӯлоб, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва Истаравшану Хуҷанд доир мекунанд. Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байналмилалӣ амалӣ менамояд.Қосим Қурбонов, мушовири миллии МТБ дар масоили чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС) мегӯяд: “Ҳадаф аз баргузории давраҳои омӯзишии мазкур боло бурдани сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, аз чораҳои СТҶ ҷиҳати тарғиби тиҷорати озод ва одилона дар сатҳи байналмилалӣ аст” Дар давраҳои омӯзишӣ иштироккунандагон аз талошҳои кишварҳо ҷиҳати коҳиши тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарие, ки боиси маҳдуд гардидани тиҷорат мегарданд, маълумот пайдо хоҳанд кард. Ҳамаи ин иқдом дар Созишномаи СТҶ доир ба СФС расман дарҷ гардидаанд. Иштироккунандагони давраҳои омӯзишӣ ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ бо бахши хусусиро матраҳ хоҳанд кард.

Август 27, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш