Омодагии мактабу кӯдакистонҳо ба давраи тирамоҳу зимистон

Август 30, 2013 11:23

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мактабҳо ва муассисаҳои томактабии вилоят ба давраи тирамоҳу зимистон қариб баробари 100 фоиз омодагӣ гирифтаанд.Мувофиқи маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, то имрӯз мактабу кӯдакистонҳои вилоят беш аз 7 ҳазор тонна ангишт, 5 ҳазору 148 метри мукааб ҳезум, 4 ҳазору 715 метри мураббаъ шиша ва зиёда аз 5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ба даст овардаанд.

Август 30, 2013 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш