Раёсат соҳиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шуд

Август 21, 2013 11:47

Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л.Қосимова).- Як моҳ пеш 23 нафар кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ барои аъзои Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон шудан муташаккилона ариза доданд. Пас аз омӯзишу санҷиши ҳаматарафа Кумитаи иҷроияи (КИ) ҳизбии шаҳри Хуҷанд 13 августи соли равон аризаи онҳоро қонеъ гардонид. Ба ин муносибат дар Раёсат бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов чорабинии тантанавӣ доир гардида, номбурда оид ба вазъи сиёсии ҷомеа, нақшу мақоми ҲХДТ ва ҳадафҳои оинномавию барномавии он, ҳамкории ҳизб бо мақомоти давлатӣ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии имсола ва дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизбӣ маърӯза кард. Дар идомаи чорабинӣ Зайнура Шарифова ва Наим Маликисломов ба аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супориданд. Ҳизбиёни Раёсат аз тариқи овоздиҳии кушод сардори Раёсат Зайнура Шарифоваро раиси ташкилоти ибтидоии навтаъсиси ҲХДТ интихоб намуда, ба он номи «Муҳоҷир»-ро муносиб донистанд. Ҳамин тавр, дар шаҳри Хуҷанд шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ боз як адад зиёд шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.

Август 21, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш