“Роҳ ба сӯи мактаб”- аксияи хайриявии ҲХДТ
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12 август то 1 сентябри соли 2013 вобаста ба дастгирии ниёзмандон, ҷиҳати фароҳам сохтани шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кўдакон аз оилаҳои камбизоат ва хусусан кӯдакони дорои маълулияти синни мактабӣ аксияи хайриявиро таҳти унвони «Роҳ ба сўи мактаб» роҳандозӣ менамояд. Дар доираи ин аксия аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кўдакони дорои маълулият бо либос ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин мешаванд. Субҳи дирӯз сардори Маркази таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов ва раиси комиҷроияи шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорон ва мураббиёни ин дабистон вохӯрданд. Аз ҳисоби фонди молиявии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои хонандагон лавозимоти хониш ва инчунин барои омӯзгорон як адад мизи корӣ тақдим гардид. Маврид ба ёдоварист, ки аксия дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Адҳам Мирсаидов, роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






