Сӯҳбати Н.Зоҳидов бо Сафири Ироқ
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). – 22 август муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар шаҳри Душанбе бо Сафири Ироқ дар Тоҷикистон Ал Мусавӣ Роҷив Собир сӯҳбат намуд. Сафири Ироқ дар ҷараёни мулоқот натиҷаи Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши истифодаи обро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, мақоми пешқадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили обро ба таври махсус қайд намуд.Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни рушду густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Зимни мулоқот ҳамчунин масоили таҳкими ҳамкории миёни ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Конфрронси Исломӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






