Сафари кории М. Маҳмадаминов ба Файзобод, Нуробод ва Тавилдара

Август 27, 2013 15:45

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Рўзҳои 26 — 27 августи соли равон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов ва роҳбарони сохторҳои системаи вазорат бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Тавилдара ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2013 ба ноҳияҳои мазкур сафари корӣ анҷом доданд. Ҳадафи сафари корӣ боздид аз натиҷаи кори сохторҳои системаи вазорат дар шаҳру ноҳияҳои мазкур дар самти касбомўзӣ, таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаю кўмакпулиҳо, татбиқи механизми кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва инчунин ифтитоҳи филиалу намояндагиҳои марказҳои таълимӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат маҷмўан 52535 нафар шаҳрванд (52,5% нисбат ба нақшаи солона) ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 (32289 нафар) 20246 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 417 нафар дар марказҳои таълимии ноҳияи Файзобод, 707 нафар дар ноҳияи Нуробод ва 470 нафар дар ноҳияи Тавилдара ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Август 27, 2013 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш