Сафари расмии Сарвазири Қирғизистон ба Тоҷикистон

Август 17, 2013 12:17

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзҳои 20 ва 21 августи соли чорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сотиболдиев Жанторо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Тибқи барномаи ин сафар субҳи рӯзи 20 август Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон дар маросими ифтитоҳи расмии Конфронси байналмилаллии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об иштирок намуда, пас аз зуҳр бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқоти хоса анҷом медиҳад. Инчунин, худи ҳамин рӯз мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир хоҳад шуд. Дар назар аст, ки Сарвазири Қирғизистон дар доираи сафари худ ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот анҷом диҳад.

Август 17, 2013 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш