Шӯрои уламо: «Дар рӯзи ид ба худнамоию исрофкорӣ роҳ надиҳед!»
Душанбе, 1 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи ҳисоби эҳҷаздабуд рӯзи иди саиди Фитр ё худ Рамазон дар Тоҷикистон панҷшанбе -8 августи соли 2013-и мелодӣ муайян гардид. Дар ин хусус имрӯз дар ҷаласае, ки дар Маркази исломии Тоҷикистон таҳти раёсати Сайидмукаррам Абдулқодирзода -раиси Шӯрои уламои кишвар доир шуд, қарори марбута қабул гардид. Зикр шуд, ки 8 август соати 7:00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Фитр барпо мегардад, ки аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи шаввол ба мусулмонон башорат медиҳад. Дар ҷаласаи Шӯрои уламо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар, намояндагон ва масъулини дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Кумита оид ба корҳои дин иштирок доштанд, иттилоъ медиҳад Аттоуллоҳ Қосимов, сухангӯи раиси Шӯрои уламои кишвар, аз аъзои Шӯрои уламо ва руҳониён даъват шуд, ки фардо дар намози ҷумъа ба мардум доир ба фазилатҳои нек ва муқаддаси иди саиди Фитр мавъиза кунанд. Зикр шуд, ки баъди намози иди Фитр боздид аз оромгоҳон ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон, ятимон ва дар маҷмуъ хайру эҳсон ба ин қишрҳои ҷомеа аз рисолатҳои иди Фитр аст.Ҳамзамон дар масъалаи роҳ надодан ба худнамоию исрофкорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр дар мавриди густурдани хони идона сухан рафт. Таъкид шуд, ки дар ин масъала бояд намояндагони Шӯрои уламо ва руҳониёни кишвар ба мардум намунаи ибрат бошанд. Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар асоси тасмими Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи Фитр 3 сомонӣ, баробар ба 1 килою 600 грамм нархи гандум муайян шуда, ҳамчунин аз 14 ҳазор сомонӣ /$ 3000/ 350 сомонӣ /$ 75/ закот муқаррар гардидааст. Моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон меояд, моҳи муборак маҳсуб меёбад, зеро дар ин моҳи шариф Китоби осмонӣ -Қуръони азимушшаън аз сӯи Парвардигор нузул гардидааст. Рӯза доштан дар ин моҳ барои мусулмонон фарз буда, бо тоату ибодат ва қироати Қуръони маҷид мусулмонон қалбу руҳи худро аз ҳар гуна амалҳои зишту ғайришаръӣ пок месозанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






