Ш. Абдураҳимова: “ЮНЕСКО Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад”
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар»). — 20 августи соли равон Дабири кулли Ташкилоти фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, фарҳанг ва маориф – ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова бори аввал ба Тоҷикистон ташриф меорад, ки сафари ӯ ба кишвари мо то 22 август идома мекунад.Бояд ёдовар шуд, ки имсол аз ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО 20 сол пур мешавад. Вобаста ба нахустташрифи Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ба Тоҷикистон ва самараи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ тӯли бист соли гузашта мухбири АМИТ «Ховар» бо Котиби масъули Комиссияи миллии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Абдураҳимова мусоҳиба анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. — Шаҳло Абдураҳимова, ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО-ро 20 сол пур шуд. Мехостем роҷеъ ба мақоми ин созмон, пазируфта шудани Тоҷикистон ба он ва тӯли ин бист сол раванди ин ҳамкориҳо дар кадом сатҳ буд, изҳори назар мекардед? ЮНЕСКО яке аз ташкилотҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид аст, ки солҳои зиёд баҳри густариши равобит, таҳкими сулҳ, пойдории фазои дӯстӣ аз тариқи илм, фарҳанг ва маориф қариб дар тамоми дунё фаъолият менамояд. 16 ноябри соли 1945 оинномаи Созмони мазкур аз тарафи 20 давлат қабул гардида, 4 ноябри соли 1946 эътибори қонунӣ гирифт ва 193 давлати ҷаҳон онро пазируфт.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 апрели соли 1993 аъзои ЮНЕСКО гардид ва худи ҳамон сол дар Вазорати корҳои хориҷӣ Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд. Комиссияи миллӣ ҳамчун узви ҳамоҳангсоз фаъолият намуда, мақсаду мароми ЮНЕСКО-ро ҷиҳати таҳкими сулҳ дар кишвар тайи 20 сол аст, ки амалӣ мекунад.Дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи ЮНЕСКО ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас ва самарабахш буданд. Сафарҳои расмии собиқ Дабири Кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 маротиба сурат гирифт, далели ин гуфтаҳост ва сафари имсолаи Дабири Кулли ин созмон хонум Ирина Бокова ба ҳайси ҳамраис дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, ба раванди ҳамкориҳо тақвияти тоза хоҳад бахшид.Бояд гуфт, ки дар рафти ҷаласаи 33-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО соли 2005 дар шаҳри Париж рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ин чорабинӣ Созишномаи тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баста шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли конфронсу симпозиумҳои байналмилалии ЮНЕСКО буда, баҳри пойдории сулҳ дар ҷаҳон саҳми босазо мегузорад.Дар доираи барномаҳои Созмон 1150- солагии Абуабдулло Рӯдакӣ ва 100-солагии Мирзо Турсунзода (2009) ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид гардида, соли сипаригардида бо шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ҳамзамон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе соли 2002-2003 аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун «Шаҳри сулҳ» шинохта шуда, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 1700-солагии шаҳри Истаравшан дар доираи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО солҳои 2005-2007 ҷашн гирифта шуданд, ки бевосита аз таърихи пурсамари муносибатҳои дуҷониба дарак медиҳанд. — Воридшавии «Боғи миллии Тоҷикистон»-ро ба Феҳристи Мероси умумибашарии ЮНЕСКО чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 2233 аз 13.05.2013 ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзошоҳрух Асрорӣ – вазири фарҳанг, Нуралӣ Саидов – сардори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва банда ба ҳайси котиби масъули комиссияи ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Сессияи 37–уми Раёсати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз 16 июн то 26 июни соли 2013 дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа қарор доштем.Зимни ҷаласа «Боғи миллии Тоҷикистон» ҳамчун аввалин объекти табиии кишвар ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар музокираи номитнатсияи Тоҷикистон намояндагони Япония, Эстония, Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Федератсияи Россия, Алҷазоир, Камбоҷа ва Франсия бо изҳори табрикот ёдовар шуданд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилали бо ташаббусҳои муҳими худ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ мавқеи сазоворро соҳиб гаштааст. Аз ин рӯ дастгирии ворид намудани “Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба манфиати ҷомеаи ҷаҳон хоҳад буд. Директори Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат Бэд Тилман фаъолияти густурдаи ҷониби Тоҷикистонро дар таҳияи барнома муассир ва муҳим ҳисобида, онро намунаи беҳтарини санадҳои ҳамкории байналхалқӣ эълон намуд. Ӯ зикр намуд, ки баррасии мусбати масъала на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати соири кишварҳои минтақа буда, аҳамияти илман асоснок дорад ва ба кори коршиносони ватанӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд гузошта шуд, ки ин барои фаъолияти Комиссия дастоварди беҳтарин аст. Ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар кадом сатҳ аст ва натиҷаи онҳо кадомҳоянд?Барои гиромидошти шахсони маъруф соли 2012 дар доираи барномаҳои ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлили ҷашнвораҳои 600- солагии зодрӯзӣ шайх Абдураҳмони Ҷомӣ ва 750-солагии файласуфи машҳури Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба Феҳристи шахсони маъруф ва ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2015 аз ҷониби шуъбаи ЮНЕСКО ба маркази ЮНЕСКО пешниҳод шуданд.Бо ҳидояти Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №90 аз 01.03.2012 «Оид ба ҷашнгирии 3000-солагии Ҳисор» ба тасвиб расидааст ва ҷиҳати таҷлили он омодагиҳо ҳамаҷониба рафта истодаанд.-Барои боз ҳам густариш додани ин ҳамкориҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО клубҳои ЮНЕСКО, аз зумраи Маркази рассомии «Мино», Маркази маъюбон ва кӯдакони қобилияташон махдуди «Спешал Олимпикс», Маркази омӯзишии «Мултикид» ва Шӯрои ҷамъиятии “Пайванд” ва 9 адад мактабҳои махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО (ASP) идеяҳои ЮНЕСКО-ро баҳри густариши робитаҳои фарҳангӣ, илм ва маориф тарғиб намуда, аз тариқи барномаҳои худ баҳри баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон, шаҳрвандон ва сифатан беҳтар намудани он тавассути барномаҳои алоҳида фаъолият доранд. Шуъба баҳри кушодани кафедра ва клубҳои ЮНЕСКО дар кишвар минбаъд низ кӯшиш хоҳад кард.Ҷиҳати пешниҳод ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва муаррифии бевоситаи мероси фарҳангии моддӣ, табиӣ ва ғайритабиии Тоҷикистон ҳамкории зич миёни Комиссияи миллӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ идома доранд.Дар марҳилаи ҳамкориҳо дар ҷумҳурӣ ду кумита, аз ҷумла Кумитаи биоэтика «Одам ва биосфера» ва Кумитаи «Гидрология» дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин бахшҳо яке аз самтҳои асосии пешбурди илм ва маорифи созмон ба шумор рафта, метавонанд барои муаррифии минбаъда ва кор дар масъалаҳои экологӣ, омӯзиши захираҳои обӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати хоса дода мешавад, корҳои зиёдеро ба сомон хоҳанд расонд.Соли ҷорӣ даъватномаи расмии Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷихати гузаронидани экспедисияи 3-юми Помир ба Дабири кулл хонум И. Бокова аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ Х. Зарифӣ супорида шуд. Ин низ як паёми нек ва қадаме пеш дар муносибатҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО мебошад.Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Президенти кишвар ба масъалаҳои ЮНЕСКО дар ҳама бахшҳои он таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар вохуриҳои мунтазами худ, аз ҷумла соли гузашта дар ҳошияи Конференсияи РИО+2 дар Бразилия зимни мулоқот бо Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова дар баробари масъалаҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили масъалаи захираҳои обӣ ва вобаста ба он матраҳ гардида буд. Тоҷикистон яке аз ташаббускорони эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт барои солҳои 2005-2015», инчунин Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад. Аз ин рӯ, мо барои татбиқи босуръати рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид ва пурра кардани он бо чораҳои муосири амалӣ ҷиҳати ҳалли ботадриҷи ҳама мушкилоту таҳдидҳо, ки бо об алоқамандӣ доранд, хеле ҳавасманд ҳастем ва ҳоло дар арафаи баргузории Конфронси байналмилалии масоили об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дарназар аст, қарор дорем. Хушбахтона ҳамраисии ин конфронсро 20-21 августи соли ҷорӣ дар Душанбе Дабири Кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба уҳда доранд.Тибқи барномаи пешакӣ, қарори супоридани медали ҷашнии «60 солагии ЮНЕСКО» аз ҷониби Дабири Кулли ЮНЕСКО хонум Бокова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ташаббусҳояшон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар назар аст. Инчунин бахшида ба ташрифи хонум Бокова барномаи алоҳида, аз ҷумла кушодашавии “Гӯшаи ЮНЕСКО” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар назар аст.- Фарҳанг ва ёдгориҳои тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ гуна қабул доранд?Тоҷикистон бо ҳунарҳои мардумӣ, фолклори ғанӣ ва мавзеъҳои нотакрори таърихиаш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Воридшавии ёдгории таърихии «Саразм» ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ, шоҳасари «Шашмақом» ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ва аввалин мероси табии кишвар — «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз дастовардҳои аввалин ва назарраси Тоҷикистон ба шумор мераванд.Мероси мусиқии кадимаи тоҷикон — «Шашмақом» шоҳасари безаволи ғайримоддии фарҳангӣ шинохта шуда, бо ташаббусу ғамхориҳои Президенти кишвар ҳамасола дар кишвар 12 май ҳамчун рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад, ки имсол 10 солагии он дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд гардид.12 феврали соли 2013 китоби вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Хазинаи тиллоии тоҷикон» бо ҷоизаи медали тиллоии ЮНЕСКО ба номи Ҷаллолидини Румӣ қадрдонӣ шуд.Омодасозӣ ва пешниҳоди маводи «Панҷакенти қадима» ва “Ҳулбук“ аз лоиҳаи «Шоҳроҳи бузурги абрешим», ки ба он 8 ёдгории таърихии дигари мо аз қабили, «Тахти Сангин”, “Қалъаи Ҳисор”, “Масҷиди Хоҷа Машҳад”, “Мамнунгоҳи Даштиҷум”, “Ямчун”, ва ғайраҳо шомиланд ва ба рӯйхати пешакии Сардафтари ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд, ҷиҳати баррасӣ дар чалласаҳои навбатии ЮНЕСКО барои солҳои 2013-2015 шомил гаштаанд.Воридшавии ёдгориҳо ва шоҳасарҳои фарҳангии мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО чӣ манфиат доранд?Саволи хело бомаврид. Пеш аз ҳама ифтихор аз ватандорӣ, тоҷику тоҷикистонӣ будан аст. Инчунин, имконияти хуби муаррифии таърихи кишвари азизамон ва арзишҳои миллии халқи тоҷик ба ҷаҳониён, билохира ҳифз ва тарғиби онҳо барои наслҳои оянда. Дар доираи барномаҳои ЮНЕСКО дар бахши илму маориф низ баъзе пешравиҳо ҳаст, аз ҷумла аз зумраи толибилмон, муаллимон ва унвонҷӯён иштироки фаъол дар конфронсу семинарҳои дохилидавлатӣ ва минтақавӣ ҳастанд, ки таҷрибаи пешқадам ва табодулли афкор дар ин самтҳо дида мешавад. Боз кадом пешравиҳои Тоҷикистон дар ин Созмон тайи ин 20 сол буданд?Аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шӯрои Ҳукамои Маркази 2-и ЮНЕСКО оид ба масоили ҳифзи фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар ш. Теҳрон амал мекунад, як дастоварди муҳим арзёбӣ мешавад. Ин марказ моҳи ноябри соли 2012 кушода шуд ва аз миёни давлатҳои Осиёи марказӣ Тоҷикистон аввалин намояндаи он ба муддати 4 сол интихоб шуд.Лекин бо ин мо қаноатманд нашуда, бояд ҷиҳати интихоб ба узвияти Шӯрои Иҷроияи ЮНЕСКО ва Кумитаҳои он дар Париж кӯшиш намоем, то ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмон ҳуқуқи бештари овоз додан дошта, манфиатҳои кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя карда тавонем. Барои ин мо ҳама имконият ва заминаҳои ҳуқуқиро дорем.-Печу тобҳо дар самти воридшавии Наврӯз дар феҳрасти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дар чӣ буд? Саҳми Тоҷикистон дар ин самт чӣ аст?Бузургии Навруз ва то ба ин шукуҳ расиданаш он аст, ки ин ид ба ягон дин, миллат ва ё халқияти якка дахл надорад ва бинобар ҳамин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид иди умумибашарӣ эълом гашта, дар саросари дунё ҷашн гирифта мешавад.Соли 2009 як гуруҳ давлатҳои ташабусскор ба ЮНЕСКО бо пешниҳоди ворид намудани ҷашни Наврӯз ба феҳристи фарҳангии ғайримодии башарият муроҷиат карданд. Аз ҷумла Тоҷикистон низ. Аммо бо сабаби баъзе омилҳои субъективӣ ва объективӣ, аниқтараш то он дам аъзои узви «Конвенсия оид ба Ҳифзи Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО» набудани кишварамон, ки танҳо соли 2010 онро мо қабул намудем ва аз ҷониби Парлумон ба тасвиб расонида шуд, натавонистем ба руйхати давлатҳои ташабусскори ҷашнгирандаи Наврӯз дар ЮНЕСКО номнавис шавем. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ҳуқуқи қайд намудани Наврӯзро гум карда бошем, албатта не. Мо таърихан мардуми куҳанбунёде ҳастем, ки Навруз ва анъанаҳои наврузӣ аз насл ба насл то ба имрӯз ба мо расидаанд.Баъдан як нуқтаи дигар ва муҳиме, ки аз Конвнсияи мазкур бармеояд, аъзо будан ба Конвенсия ва ворид шудан ба феҳрист, ба ягон давлат ҳуқуқи патентӣ намедиҳад. Ба ҷуз такрор ҳам шавад, тарғиб, ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои аҷдодии мо, ки аз он мо ифтихор хоҳем кард.Бо сарбаланди ва ифтихори том гуфта метавонам, ки соли ҷорӣ мо билохира аз Сардафтари ЮНЕСКО ҷавоб гирифтем, ки номинатсияи Наврӯз, ки аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон соли 2012 пешниҳод гардида буд, қабул шуда, дар сесияи навбатии Кумитаи мероси ғайримоддӣ, ки ҳар ду сол як бор баргузор мегардад, дида баромада мешавад. Дар қатори Тоҷикистон Афгонистону Казоқистон, Покистону Туркманистон низ барои аъзогӣ изҳори хоҳиш намудаанд. -Дид ва пешниҳодҳои шумо оид ба татбиқи нақшаҳои минбаъдаи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон кадомҳоянд?Сомонаи Комисиияи миллӣ www.unesco.tj мунтазам хабару мақолаҳоро оид ба фаъолияти Комиссия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор медорад.Якчанд брошюраҳо оид ба фаъолияти 20 солагии Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО бо мақолаву дастовардҳои он тӯлли 20 сол дар мавзӯи таҳаммулгароӣ, мубориза зидди допинг, аз ҳисоби Дафтари минтақавии ЮНЕСКО-и Алма-ато ба нашр расид.Якчанд семинарҳо дар мавзуҳои тарғиби механизмҳои Конвенсияи Мероси фарҳангии ғайримоддӣ, методҳои омӯзиши томактабӣ барои мурраббияҳои боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ, истифодаи ИКТ, доир ба муколламаи байнифарҳангии ҷавонон гузаронида шуданд.Ҳафт лоиҳа аз ҷониби ЮНЕСКО барои солҳои 2012-2013 дастгирӣ ёфтанд. Барои боз ҳам тақвият бахшидан ва ба сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба бо ЮНЕСКО ва расидан ба ҳадафҳои олии кишварамон хуб мебуд, агар:1.Ҳамкории зич миёни Комисиияи миллӣ ва сохторҳои мавҷудаи кишвар, аз қабили вазоратҳои маориф, фарҳанг, Академияи илмҳо, музейҳо ва китобхонаҳо, ки ба масъалаҳои ЮНЕСКО иртибот доранд, ба роҳ монда шуда, фикру ақидаҳои нави коршиносони соҳавӣ ба комиссия пешниҳод гарданд. 2. Иҷрои бештари лоиҳаҳо ва чорабиниҳои фарҳангию илмӣ лозим аст. 3. Таъини намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО ҷиҳати ҳамоҳангсозии лоиҳаву баёни хостаҳои кишвар бо ЮНЕСКО, дар ин замина зиёд намудани кафедраҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон . 4. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар масоили ҷавонон, шаҳрвандӣ, гендерӣ, илм, маориф, фарҳанг ва технологияи навин вусъат дода шаванд. 5. Пешниҳоди лоиҳаҳо дар мавзуъҳои гендерӣ, ҷавонон, истифодаи нанотехнологияҳо, биоэттика, энергетика ва захираҳои обӣ, чакандузӣ, фалаксароӣ, намадбофӣ, кандакорӣ, мавзеъҳои таърихии кишвар, ки ба фаромушӣ рафтаанд зиёд карда шаванд. Дар ин росто месазад ҷиҳати густариш, таҳким ва пешбурди сиёсати сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими муколламаи байнифарҳангӣ, интишори модели истиқрори сулҳ дар минтақа, муаррифии арзишҳои миллии мардуми тоҷик ва пешбурди масъалаҳои глобалӣ ба ҷаҳониён аз тариқи Созмони бонуфузи ЮНЕСКО даъват ба амал овард.Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






