Шиносоӣ бо барномаи “Бунёди омодагӣ барои иқлими сабз”
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 15 августи соли 2013 дар Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳо (GIZ) дар шаҳри Душанбе нишасти шиносоӣ бо Барномаи «Бунёди омодагӣ барои иқлими сабз” баргузор гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки Фонди байналмилалии иқлими сабз соли 2009 таъсис дода шудааст. Вохӯрӣ бо иштироки роҳбари дафтари Бонки рушди Олмон хонума Керстин Лаабс ва роҳбари дафтари GIZ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер баргузор гардид.Дар нишасти шиносоӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайри давлатӣ иштирок доштанд. Бунёди иқлими сабз пеш аз ҳама ин мусоидат ба тағйирёбии иқлим ба шумор меравад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни даҳ давлати пилотие, ки муайян шудааст, имконияти гирифтани дастгириро дорад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро барои дастгирӣ аз “Бунёди сабзи иқлим” расман изҳор намуда ва бори дигар онро барои ёрӣ дар кори мусоидат ба ниҳодҳои миллии иҷроия дар гирифтани аккредитатсия ва фаъолият дар мутобиқсозии дурномаҳои миллӣ ва соҳавӣ тасдиқ намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






