Шиносоии Сарвари давлат бо рафти навсозии роҳҳои пойтахт

Август 27, 2013 15:58

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳҳои дохилии пойтахт шинос шуд.Шиносоии бевосита бо навсозии роҳҳои пойтахт дар чорроҳаи хиёбони Борбад ва кӯчаи Ҷомӣ сурат гирифт.Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти навсозии ин чорроҳаро, ки бо тарҳи нави замонавӣ сурат гирифта, нисбат ба пешина хеле васеъ ва бароҳат мешавад, аз назар гузаронда, ба кори роҳсозон баҳои хуб дод.Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии дигар роҳҳои пойтахт низ шинос шуда, таъкид намуд, ки корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 27, 2013 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш