Соли таҳсил бо амалиёти «Кӯдакон» оғоз меёбад

Август 28, 2013 10:21

Қӯрғонтеппа, 28 август. (АМИТ «Ховар»). – Дар роҳҳои вилояти Хатлон 51 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон рух дод.Тавре ки нозири калони давлатии автомобилии гурӯҳи ташвиқу тарғиботи Назорати давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, бар асари ин ҳодисаҳо 18 нафар кӯдакон ҳалок гардида, 35 нафари онҳо ҷароҳат бардоштаанд. Дар робита бо оғози соли нави таҳсил ва роҳандозии чорабиниҳои ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Хатлон амалиёти «Кӯдакон» идома дорад, ки он 9 сентябр анҷом меёбад.

Август 28, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш