Т. Холмуродова: «Дастрасӣ ба Интернет тамоюли афзоиш дорад»

Август 1, 2013 13:40

Душанбе, 1 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 9 миллионро ташкил дода, 6 миллиони он фаъол мебошад, мегӯяд Татяна Холмуродова -муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки шумораи муштариёни алоқаи собит ё худ маҳаллӣ дар кишвар 4 миллион нафар буда, теъдоди истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,8 миллион нафар аст, ки ин омор нисбат ба соли гузашта тамоюли афзоиш дорад. Масъули ниҳоди алоқаи кишвар дар робита аз фаъолияти густурда ва хизматрасонии корхонаҳои зертобеи хадамот ёдовар шуда гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори соҳаи алоқаи кишвар ба корхонаву ташкилот ва аҳолии мамлакат ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 107,8 % аст. 95% -и хизматрасониҳо тавассути операторони алоқаи мобилӣ анҷом дода шуда, 4,2 % -и хизматрасониҳо ба «Тоҷиктелеком», 4% ба Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг ва 2% -и хизматрасониҳо ба «Почтаи Тоҷик» рост меояд. Ба қавли Татяна Холмуродова алҳол ба ҳар 100 нафар аҳолии кишвар 4,5 адад дастгоҳи телефонии собит, 62 адад дастгоҳи телефонии мобилии фаъол рост омада, аз ҳар 100 нафар 47,2 нафари он истифодабарандагони шабакаи Интернет мебошанд.

Август 1, 2013 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш