Тағйири иқлим ва захираҳои оби Тоҷикистон

Август 21, 2013 11:19

Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Дар арафаи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об рисолаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов ва муовини менеҷери лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳиди назди раёсати давлатии оид ба ҳавосанҷии назди Ҳукумати ҶТ Абдулҳамид Қаюмов таҳти унвони «Тағйири иқлим ва захираҳои оби Тоҷикистон» аз чоп баромад. Муаллифони рисола аз таъсири тағйири ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон ва захираҳои об нақл карда, вазъи истифодаи обро арзёбӣ менамоянд. Китоб дар нашриёти «Ирфон» бо теъдоди 300 нусха ба табъ расидааст.Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 21, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш