Тағйиру иловаҳо ба қонуни Буҷети давлатӣ

Август 21, 2013 13:55

Душанбе, 21 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси палатаи поёнии Парлумон доир шуд, масъалаҳои мазкур матраҳ гардиданд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи монополияҳои табиӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи амният», «Дар бораи туризм», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»-ро муҳокима намуданд.  Зикр шуд, ки масъалаҳои матраҳгардида ба рушди паҳлуҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими волоияти қонун нигаронида шудаанд.

Август 21, 2013 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш