Тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардонида мешаванд

Август 29, 2013 11:24

Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзҳои таҷлили 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда мешаванд. Шаҳрдории Душанбе дар қарори марбут ба омодагии пойтахт ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба ниҳодҳои марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният дар пойтахт дастур додааст, ки тадбирҳои амниятиро пурзӯр гардонанд. Бояд тазаккур дод, ки соли равон базмгоҳи асосии ҷашни Истиқлол Наврӯзгоҳи пойтахт буда, дар ин ҷо шуруъ аз соати 19:00-и 9 сентябр намоиши театрикунонидашуда бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, он бо мушакпаронӣ дар фазои пойтахт ба таҷлил ва истиқболи бошукуҳи 22-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳусни анҷом мебахшад.

Август 29, 2013 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш