Таъйини интихобот дар Рӯзи Конститутсия
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -чоршанбеи 6 ноябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин хусус 30 август дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир шуд, қарори марбута қабул гардид. Мавриди зикр аст, ки 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи қабули Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуда, имрӯз дар саросари кишвар рӯзи истироҳат эълон карда мешавад ва таъйини рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябр мусоид аст, зикр кард Шукурҷон Зуҳуров- раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон. Рӯзи баргузории интихобот бо раъйи 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муҳими сиёсию давлатӣ буда, он дурнамои рушди бемайлони самтҳои афзалиятноки ҷомеаи кишварро муайян сохта, заминаи асосиро ҷиҳати тақвияти институти президентӣ, пояҳои давлатдорӣ ва аз ҳама беш сарҷамъию ваҳдати миллиро дар кишвар фароҳам меорад. Дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ғайбулло Афзалов, Назира Ғаффорова, Қобиламоҳ Ғуломшоева, Убайдулло Давлатов ва Муҳиддин Кабирӣ доир ба ҷанбаҳои асосии рушди пояҳои давлатдорӣ, нақши баргузории интихобот, рушди интитути президенти дар кишвар ва мавқею ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стартегияҳои миллии рушди ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум дар шароити ҳассоси низоми сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ муосир ибрози назар карданд. Ҳамин тариқ, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоршанбеи 6 ноябри соли 2013 барои 7 сол Сарвари давлати худро интихоб менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






