Таъмини амнияти экологиву санитарӣ дар Ҳисор
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Насрулло Маҳмадалиев, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор гуфт, ки таъмини амнияти экологиву санитарӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти пурмаҳсули соҳаи ҳифзи муҳити зист маҳсуб мешавад. Масъалаи беҳтар ба роҳ мондани таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокии босифат, таъмири шабакаҳои обу корезӣ, нигоҳ доштани минтақаҳои обӣ дар ҳолати мусоид ва арзанда қарзи виҷдонии сохтору мақомоти давлатист. Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2013 назоратро доир ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз болои субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ пурзўр намуд. Дар ин давра корҳои ташвиқу тарғиботии шуъба низ назаррас буданд. Бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ моҳи апрели соли ҷорӣ бо иштироки намояндагии мутахассисони кумита, кормандони воситаҳои ахбори умум, сохторҳои дахлдори маҳал дар соҳили манбаъҳои обии ноҳия канали магистралии Ҳисор, дарёҳои Хонақоҳ ва Кофарниҳон, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳисор воқеанд, ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Хонақоҳи Куҳӣ, Сомон, Мирзо -Турсунзода Ҳисор, Ориён ва Деҳқонободи ин ноҳия, дар сатҳи баланди ободонӣ аксияи «Тозагии соҳил-2013» гузаронида шуда, зиёда аз 50 тонна партовҳоро ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол доданд ва 3 км дарёву каналу заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза карданд. Зикр бояд кард, ки манбаи захираҳои обии ноҳияи Ҳисор аз мавзеи деҳаи Шамол оби мусаффову зулоли дарёи Хонақоҳ фаввора зада, ба нишебӣ ҷорӣ мешавад. Дар маҷрои худ чандин деҳаву маҳалҳои поинро шодобу муаттар сохта, лабташнагонро об медиҳад. Кофарниҳон дарёи сарҳадгузар буда, қисми 50 километрааш аз ҳудуди ноҳияи Ҳисор гузашта, то Амударё ва баҳри Арал рафта мерасад. Қисми 21 километраи канали магистралии Ҳисор аз ҳудуди ноҳия гузашта заминҳои кишоварзии водии Ҳисорро таъмин менамояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






