Тавсияи Сафорати ҶТ дар ФР

Август 14, 2013 13:25

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Тавре ки намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ба кормандони масъули Сафорати ҶТ дар ФР муяссар гардид, ки боз ду нафар шҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламрави Обҳозистон ихроҷ намоянд. Дипломати тоҷик ҳамчунин хабар дод, ки баъди гуфтугӯи сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Русия шаҳрвандони кишварамон Абдукарим Саъдӣ Маҳмадаминович ва Ёқубов Абдуманнон Набиевич тавассути роҳрави муваққатии сарҳади байни Обҳозистону Русияро убур карда, тайи се шабонарӯз бояд қаламрави Федератсияи Русияро тарк намоянд.Дар робита бо ин, Сафорати ҶТ дар ФР аз роҳбарони ҷамоаи тоҷикон дар ин минтақа ва хусусан аз аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳиш менамояд, ки барои минбаъд рух надодани ҳодисаҳои ғайричашмдошт корҳои тавзеҳотиро дар байни ҳамватанони мо анҷом бидиҳанд.

Август 14, 2013 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш