Тоҷикистон –Ҳиндустон: дар арзҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар»). — 28 августи соли равон ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон 21 сол пур мегардад. Мавриди зикр аст, ки равобити ҳасана ва мутақобилан судманди ду кишвари дӯст -Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, ки дорои муштаракоти таърихию фарҳангиянд, беш аз пеш густариш меёбанд. Ҳиндустон соли 1993 аввалин сафирашро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуда, баъд аз як сол, аниқтараш, соли 1994 сафораташро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сафораташро дар Деҳлӣ дар соли 2003 кушод. Бояд тазакккур дод, ки робитаҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар партави иродаи сиёсии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон беш аз пеш тақвият меёбад. Ҳусусан сафарҳои расмӣ ва давлатии роҳбарони баландпояи Тоҷикистону Ҳиндустон ба кишварҳои ҳамдигар дар таҳкими муносиботи ҳасанаи Душанбею Деҳлӣ нақши муассир гузоштаанд. То ҷое мусаллам аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон 5 маротиба сафар намудааст, ки аз он се сафар — солҳои 1993, 1995, 2001 расмӣ ва солҳои 2006 ва 2012 сафарҳои давлатӣ мебошанд. Зимни ин сафарҳо санаду созишномаҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ- иқтисод, тиҷорат, тиб (дорусозӣ), тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расидаанд, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Душанбею Деҳлӣ судманд мебошанд. Инчунин роҳбарияти Ҳиндустон дар сатҳи Сарвазир ва Президенти ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд. Соли 2003 собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оварда, дар ҷараёни мулоқот дар сатҳи олӣ масоили густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд. Дар анҷоми ин сафар ҳашт ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба имзо расид. Бо иштироки меҳмони олиқадр дар маркази Душанбе маросими расмии ифтитоҳи боғ ва пайкараи Маҳатма Гандӣ баргузор шуд. Ҳамзамон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2009 собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонуми олиҷоҳ Пратибха Девисингх Патил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал овард. Президенти Ҳиндустонро зимни сафар ҳайати баландпоя ва гуруҳи соҳибкорону намояндагони корхонаҳои саноатии Ҳиндустон ҳамроҳӣ намуданд. Алҳол муносиботи Тоҷикистону Ҳиндустонро беш аз 30 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим медарорад. Инчунин дар тақвияти равобити иқтисодии ду кишвар фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, ки имконияти баррасии ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳоро фароҳам меоварад, нақши муассир мебозад. Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯ ба пешравӣ доранд. Байни соҳибкорони ду кишвар тамоси мустақим барқарор гардида, дар заминаи ин ҳамкориҳо якчанд анҷумани соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар гузаронида шуд, ки барои тақвияти муносибатҳо дар ин раванд такони тоза бахшиданд.Равобит ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон пайваста густариш меёбанд. Бо мусоидати дӯстонаи Ҳиндустон чандин иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон навсозӣ, такмил ва бунёд шудаанд. Дар ин самт ширкатҳои давлатии Ҳиндустон «NHPC Limited» ва «BHEL» бо маблағгузории Ҳукумати Ҳиндустон тармими нерӯгоҳи барқии обии «Варзоб-1»-ро ба анҷом расониданд. Инчунин ҷиҳати сохтани генераторҳо дар дастгоҳи нерӯгоҳи барқии обии «Помир-1» байни ширкати «BHEL»-и Ҳиндустон ва «Pamir Energy»-и Тоҷикистон шартнома баста шуда, тибқи муқаррароти он дастгоҳи якуми ин нерӯгоҳ аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ширкати хусусии «CHL»-и ҳиндӣ дар шаҳри Душанбе сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадорро сармоягузорӣ мекунад. Ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ғарби Тоҷикистон пурра тармим ва ба истифода дода шуд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар нимсолаи аввали соли 2013 ба $ 20,0 миллион баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $ 7,0 миллион зиёд мебошад. Ҳиссаи воридот дар сохтори гардиши савдои хориҷии байни ду кишвар тақрибан 100 %-ро ташкил медиҳад. Молу маҳсулоти содиротӣ ҳиссаи ночизро ташкил дода, аз маҳсулоти металлҳои сиёҳ (сим ва занҷира) ба маблағи 1,6 ҳазор доллар, қисмҳо барои муҳаррикҳо 7,1 ҳазор доллар ва дигар асбобҳои дастӣ 1,3 ҳазор доллар иборат аст. Дар нимсолаи соли равон аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба маблағи 9,3 миллион доллар гилхок, 7,5 миллион доллар маҳсулоти доруворӣ ва фармасевтӣ, 1,1 миллион доллар гӯшти гов ва ба маблағи 40 ҳазор доллар чойи сиёҳ воридот шудааст. Тибқи гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши маблағи воридот аз Ҳиндустон дар нимсолаи якуми соли 2013, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, асосан аз ҳисоби хариди гилхок барои корхонаҳои истеҳсоли алюминийи кишвар ба амал омадааст. Ҳамзамон дар радифи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ равобити ду кишвар дар бахши илму тахнология тавсеа меёбад.Таъсиси озмоишгоҳи муосири техникии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мисоли барҷастаи ҳамкориҳои илмист. Озмоишгоҳи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон пурра бо технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.То ҷое мусаллам аст, мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулаём робитаҳои ҳасанаи таърихию фарҳангӣ ва дигар анъанаҳо бо ҳам мепайвандад. Дар робита бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар равобити фарҳангии ду кишвар саҳифаи нав боз гардид. Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон, инчунин сафарҳои гуруҳҳои ҳунарӣ ва сарояндагону ромишгарони ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар дар тақвият ва эҳёи робитаҳои дерина ва анъанавии ҳар ду кишвар нақши босазо гузоштаанд. Инчунин ҳамасола олимону донишмандон ва ҳайатҳои намояндагони Тоҷикистону Ҳиндустон дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, ки дар Душанбею Деҳлӣ баргузор мегарданд, ширкат менамоянд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон курсҳои мухталиф дар доираи барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд, ки дар он донишҷӯёни тоҷик иштирок намуда, сатҳи дониш ва забондонии худро мукаммал мегардонанд. Ҳамзамон дар назди Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе Маркази фарҳангӣ амал менамояд, ки нақши он дар муаррифии фарҳанги пурғановати сарзамини Ҳинд ба мардуми тоҷик калон аст. Дар ин марказ ба дӯстдорону ҳаводорони забон ва рақсу мусиқии ҳиндӣ курсҳои омӯзишии забони ҳиндӣ ва рақсу мусиқӣ, инчунин навохтани асбобҳои мусиқии ҳиндӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин қариб ҳар хафта тавассути шабакаи телевизионҳои давлатӣ филмҳои истеҳсоли синамогарони Ҳиндустон намоиш дода мешаванд, зеро филмҳои ҳиндӣ дар байни мардуми тоҷик маҳбубияти хосса доранд. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки ҳамкориҳои судманди гуногунсоҳа дар байни ҳар ду кишвари дӯсту бародар-Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфта, ба манфиати рушду шукуфоии мардумони ҳар ду кишвар нигаронида шудаанд. Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






