Тоҷикистон – Ҳиндустон: Имтиҳон барои сармураббӣ

Август 12, 2013 10:21

Душанбе, 12 август. (АМИТ Ховар).-14 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо мешавад. Ба ин хотир футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии мураббии нави худ Муҳсин Муҳаммадиев давраи омодагии худро паси сар карда, дар вохӯрии санҷишии охирин дар ин варзишгоҳ бо дастаи мунтахаби клубҳои Тоҷикистон вохӯрданд ва натиҷаи мусовии 2 бар 2 –ро комёб шуданд. Муҳсин Муҳаммадиев аввалин маротиба дар корзори мусобиқоти байналмилалӣ дастаи миллии кишварро ба майдон меорад ва умед мебандем, ки ин роҳи ниҳоят душвор барои ӯ бобарор хоҳад буд. Бозиро довари FIFA Хуршед Додобоев бо ҳамроҳонаш Баҳром Саъдуллоев ва Сайёдҷон Зайниддинов ҳакамӣ мекунанд. Довари эҳтиётӣ Равшан Эшматов аст.

Август 12, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш