Вакилон ба иҷлосияи муштарак номнавис мегарданд

Август 21, 2013 15:34

Душанбе, 22 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад, ки дар он масъалаи таъйини санаи баргузоррии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва муайян карда мешавад. Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доранд рӯзи 29 августи соли равон аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 2 худро номнавис намоянд. Рақамҳои телефони тамос 20-26, 221-89-35 мебошанд.

Август 21, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш