Вазорати маориф: Рӯзи якшанбе дарсӣ аст

Август 28, 2013 12:41

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 1- уми сентябр, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, бино ба иттилои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсӣ эълон шудааст Тавре ки маълум аст, мувофиқи қонунгузорӣ аз душанбе то шанбе рӯзҳои дарсӣ мебошад, вале аз сабаби он , ки 1- уми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омадааст, онро дарсӣ эълон намуда, рӯзи 7-уми сентябр, яъне шанбе истироҳат эълон карда шудааст Мавриди зикр аст, ки чун ҳарсола дар Рӯзи дониш , яъне 1- уми сентябр аз соати 8 то 9-и субҳ дар мактабҳои ҷумҳурӣ ҷамъомад ва баъд аз он барои хонандагон дарс гузаронида мешавад.

Август 28, 2013 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш