Вохӯрӣ дар «Боғистон»-и Шаҳринав

Август 15, 2013 10:06

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — 14-уми августи соли 2013 кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират ва Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) бо раисони ҷамоатҳо, мактабҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолон ва шахсони масъули ноҳияи Шаҳринав вохӯрданд. Дар мулоқот масъалаҳои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ муҳокима гардиданд. Намояндаи СБМ Улуғбек Авезов дар бобати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо ва омодагии пеш аз сафар, инчунин доштани суғуртаи тиббӣ ва гирифтани сертификати забони русӣ маълумот дод. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Муқим Ниёзов ба саволҳои ҷамъомадагон оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин дар бораи гирифтани шаҳрвандии ФР, ихроҷ, гирифтани сертификати забони русӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

Август 15, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш