Вохӯрии Рустам Назаров бо курсантҳо

Август 15, 2013 11:33

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо 9 курсант ва 3 довталаби Донишкадаи ҳуқуқи Сибири ФР, воқеъ дар шаҳри Красноярск баргузор гардид. Дар вохӯрӣ шунавандагон довталабонро бо шароити омӯзиш ва истиқомат дар донишкада, инчунин бо барномаҳои таълимӣ ва таърихи муассисаи таълимӣ шинос намуданд.Директори агентӣ муҳимият ва зарурати сифати омӯзишро дар муассисаи олии таълимӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони ояндаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқро хотиррасон кард. Директори Агентӣ довталабонро барои хизмат ба Ватан даъват намуд.

Август 15, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш