Ярмарка барои саноатчиён

Август 29, 2013 10:34

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-уми августи соли ҷорӣ дар бинои ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» дар ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар кўчаи Саъдии Шерозӣ, 6, ярмаркаи ҷойҳои кориро дар соҳаи энергетика ва саноат баргузор менамояд, ки дар он ташкилоту муассисаҳои системаи энергетика ва саноат ширкат меварзанд. Ба ярмарка роҳбарон ва кадрҳои раёсату шуъбаҳо, корхонаю муассисаҳои системаи вазорат ва дигар корфармоёни шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд.Дар ин ярмарка зиёда аз 1000 ҷойи кор дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи энергетика ва саноат ба корҷўён пешниҳод мегардад. Мавриди ёдоварист, ба шахсоне, ки ихтисос надоранд ва хоҳиши омўхтани касбу ҳунар доранд, ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ ба муассисаҳои таълимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳхат дода мешавад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.

Август 29, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш