Журналисти 63 – сола дар мусобиқоти «Дави байналмилалӣ»

Август 13, 2013 10:37

Қӯрғонтеппа, 13 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Журналисти 63 – солаи телевизиони вилоятии «Хатлон» Давлаталӣ Шамсов дар мусобиқоти «Дави байналмилалии Таллин» барои тай намудани масофаи 42 ҳазору 195 метр, ки 8 сентябр дар пойтахти Эстония шаҳри Таллин баргузор мегардад, иштирок мекунад. Давлаталӣ Шамсов баъд аз анҷоми ин мусобиқа дар мусобиқоти дигари байналмилалӣ, ки 30 сентябр дар шаҳри Королёви вилояти Маскав роҳандозӣ мешавад, қувваозмоӣ менамояд.

Август 13, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш