Зиёда аз 540 ҳазор сомонӣ барои таъмир

Август 21, 2013 10:23

Темурмалик, 21 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Темурмалик 45 мактаби таҳсилоти умумӣ, хонаи бачагон, гимназия, мактаб-интернат, 3 боғчаи бачагона ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 540 ҳазору 579 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки ин ба 107,5 %-и нақша баробар аст. Ба гуфти сардори Раёсати молияи ноҳия Баҳриддин Султонов сараввал музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии омӯзгорон дар соҳаи маориф пурра маблағгузорӣ шуда, сипас барои таъмири мактабҳо маблағ чудо гардид. Мавриди зикр аст, ки қисми хароҷоти буҷа 97 % -ро дар бар гирифта, қарздорӣ дар соҳаҳои маориф ,тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо мавҷуд нест. Манбаъ афзуд, ки аз тарафи раёсати молияи ноҳия барои зимистонгузаронии соҳаҳои буҷавӣ 278 ҳазору 169 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Август 21, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш