Ҳамкории Тоҷикистону Финляндия дар бахши геология

Сентябрь 17, 2013 11:10

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҳайати Финляндия иборат аз роҳбари хадамоти геологии ин кишвар Елиас Екдахл, муовини роҳбар Хана Идман, менеҷери лоиҳа Юкки Мултала ва муовини менеҷер оид ба лоиҳа Кристиан Линдвис аз Тоҷикистон дидор намуданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни сафар ҳайати Финляндия бо фаъолияти Сарраёсати геология ва ниҳодҳои он шинос карда шуд. Қобили зикр аст, ки ҳамкории зичи ниҳодҳои геологии Тоҷикистону Финляндия баъди 30 сентябри соли 2011 имзо шудани Ёддошти миёни Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финляндия оғоз ёфт.

Сентябрь 17, 2013 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш