Ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар бахши савдо
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова баргузор гардид. Сабаби ин мулоқот хатми фаъолияти дипломатии сафири Туркманистон дар Тоҷикистон буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Ш.Саид ба Ч.Рустамова барои саҳми бузургаш ба ҳамкории ду кишвар изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки дар давраи фаъолияти сафир намоишгоҳҳои муштарак доир намуда, ҳамоишҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифтанд. Чинор Рустамова ба раиси Палатаи савдо ва саноат барои ҳамкориаш изҳори сипос карда, таҷриба ва фаъолияти судманди ӯро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд. Сафир ҳамчунин қайд намуд, ба туфайли фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ на фақат ҳамкории ҳар ду палата балки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар ҳам босуръат рушду густариш меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






